Тарзи кори компьютер ва он
Содержание статьи
ТАРЗИ КОРКАРДИ ИНФОРМАТСИЯ ДАР КОМПЮТЕР
Тавре ки аллакай медонем, компютер метавонад, информатсияи табиати дилхоҳдоштаро кор карда барояд. Информатсия метавонад ададӣ, матнӣ, графикӣ, тасвирӣ, садоӣ ва ғайра бошад. Аз тарафи дигар мо медонем, ки компютер танҳо бо кодҳои дуйӣ кор карда метавонад. Пас саволе ба миён меояд, ки информатсияи гуногун аз тарафи компютер чӣ тавр кор карда баромада мешавад?
Гап дар сари он аст, ки дар компютер ҳар гуна инфор матсия бо ёрии ададҳо кодгузорӣ карда мешавад. Компютер ҳангоми кор танҳо бо коди информатсия сару кор дорад.
Мо дар ҳаёти муқаррарии ҳаррўзаамон аз системаи ҳисоббарорие истифода мебарем, ки онро системаи даҳӣ мегўянд. Ҳар гуна адад дар ин система ба воситаи даҳ рақам — 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ифода карда мешавад. Донистани қонуну қоидаҳои иҷрои амалҳо дар ин система кифоя аст, ҳар гуна масъалаи ҳаётии дар наздамон гузошташударо ҳал намоем. Мо бо ин система чунон одат кардаем, ки ҳатто дар бораи вуҷуд доштани дигар системаҳои ҳисоббарорӣ фикр ҳам намекунем. Дар асл дар ҳаёт системаҳои ҳисоббарории зиёде мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бале, ҳайрон нашавед! Ҳангоми азхудкунии принсипи кори компютер шумо аллакай бо яке аз чунин системаҳои ҳисоббарорӣ шинос хоҳед шуд.
Аслан протсессори компютер информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки он бо ёрии сигналҳои электрикӣ ифода карда шуда бошад. Аз нуқтаи назари физикавӣ, ба протсессор хеле қулай аст, ки информат-сияи қабулнамудаашро бо ёрии ду вазъ (ҳолат) кодгузорӣ намонд:
- a) шиддати сигнали электрикӣ мавҷуд аст;
ӣ) шиддати сигнали электрикӣ мавҷуд нест.
Агар мо мавҷуд будани шиддати сигнали электрикиро ба воситаи рақами 1 ва мавҷуд набудани онро ба воситаи рақами 0 ишорат кунем, он гоҳ маълум мегардад, ки прот-
сессор ҳар гуна информатсияро бо ёрии танҳо ду рақам (1 ва 0) кодгузорӣ мекардааст. Системаи ҳисоббарориеро, ки танҳо рақамҳои 0 ва 1-ро истифода мебарад, системаи дуйӣ мегўянд.
Инсоният ба системаи даҳии ҳисоббарорӣ яку якбора наомадааст. Олимон бар он ақидаанд, ки асоси гузаштан ба системаи даҳиро, даҳ ангушти дастони инсон ташкил намудааст. Шояд ҳамин тавр ҳам бошад. Лекин биёед лаҳзае тасаввур кунем, ки мо дар ихтиёрамон танҳо рақамҳои 0 ва 1-ро дорем. Оё мо метавонем, ки ҳамаи ададҳоро бо ёрии ин ду рақам ифода намоем? Албатта метавонем. Масалан, мувофиқати якчанд ададҳои аввалаи бутуни мусбати системаи даҳӣ ва дуйӣ чунин аст:
Даҳӣ 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17
Дуӣ 0 1 10 11 100 101 110 111 1000 1001 1010 1011 1100 1101 1110 1111 10000 10001
Тарзи аз як системаи ҳисоббарорӣ ба дигар система гузаштанро, дар мисоли адади даҳии 13, ки дар системаи дуйӣ ҳамчун 1101 тасвир карда мешавад, нишон медиҳем:
Дар мисол, тасвири адади додашуда ба разрядҳо ҷудо карда шудааст — 13 ду разряд дорад, 1101 — чорто. Протсессори Pentium, ки дар он барои интиқоли информатсия 32 сим хизмат мерасонад, яку якбора метавонад адади дуйии 32-разрядаро кор карда барояд. Азбас-ки протсессори Intel-80286 аз 16 сим иборат аст, ин протсессор аз Pentium дида ададҳоро ду маротиба сусттар интиқол мекунад.
Ҳангоми омўзиши хотираи компютер, мо қайд карда будем, ки разрядҳои дуйиро бит ва маҷмўи 8-битро байт ном мебаранд. Барои ченкунии ҳаҷми информатсияи дар хотираи компютер маҳфузбуда бошад, аз ченакҳои калонтар — килобайт (Кбайт), мегабайт (Мбайт), гигабайт (Гбайт) ва ғайра истифода мебаранд.
Масалан, дискети 3,5 дюймагӣ 1 457 664 байт информатсияро ғунҷонида метавонад, ки онро пас аз яклухткунӣ 1,4 (13)10=10+3=1101+3100=(1101)2=123+122+021+120=8+4+0+1=(13)10 13 1101
79 Мбайт мегўянд. Ин миқдор зиёд аст ё кам? Агар ба ҳисоб гирем, ки як символи матнӣ ба воситаи як байт ифода карда мешавад, он гоҳ гуфта метавонем, ки дар чунин диск тақрибан 1,5 миллион символ ё тақрибан 100 саҳифа китоб меғунҷад. Мутаассифона, имрўз ин миқдор информатсия хеле кам шумурда мешавад. Агар ин ададро ба информатсияи шакли овоздошта табдил диҳем, он гоҳ дар дискет ҳамагӣ 17 сония стереоовози сифатнокро ғунҷонидан мумкин асту халос. Расми рангаи формати А4 (варақи чопкунии андозааш 210х297 мм) аз 20 Мбайт зиёдтар ҳаҷмро талаб менамояд. Албатта дар ин мавридҳо на аз дискетҳо, балки аз компакт-дискҳо истифода мебаранд, ки ғунҷоиши онҳо аз 600 Мбайт зиёдтар аст.
Дар диски сахти компютер (винчестер) информат-сияи гуногун — программаҳо, матни ҳуҷҷатҳо, тасвирҳои графикӣ, видеоклипҳо, суруду мусиқиҳо ва ғайраҳо
маҳфузанд, ки ҳамаи онҳо маҳз бо ёрии ҳамон ду вазъи мантиқӣ — ҳаст ё нест, 1 ё 0, фурўзон ё хомўш ва ғайраҳо кодгузорӣ карда мешаванд.
Саволҳо:
- Кадом намудҳои информатсияро медонед?
- Компютер информатсияро чӣ тавр кор карда мебарояд?
- Протсессор информатсияро чӣ гуна кодгузорӣ менамояд?
- Чаро протсессори Pentium аз протсессори Intel-80286 информатсияро ду маротиба тезтар интиқол медиҳад?
- Дискети 3,5 дюймагӣ чанд байт информатсияро ғунҷонида метавонад?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
- Доир ба тарзи коркарди информатсия дар компютер фикратонро дар дафтар баён намоед.
Источник
ОҒОЗ ВА АНҶОМИ КОРИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS
Оғози кори Windows. Барои ба кор даровардани системаи оператсионии Windows кифоя аст, ки компютер ба ҷараёни барқ пайваст карда шуда, дар блоки системавӣ тугмаи POWER пахш карда шавад. Дар баъзе вариантҳои Windows пас аз пахши тугмаи POWER равзанаи диалогии махсус пайдо шуда, номи истифодабаранда ва пароли (калид) он пурсида мешавад. Дар ин маврид истифо-
дабаранда бояд ин информатсияро дар майдончаҳои муайян дохил намояд ва тугмаи Ok -ро пахш намояд. Агар ба экран равзанаи робитавии Добро пожаловать (Марҳамат намоед Welcome) барояд, он гоҳ тугмаи Зарыть (Пўшида шавад Close)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз он Windows ба таври автоматӣ ба кор шурўъ менамояд.
Оғози кори Windows — ин дар экран пайдошавии равзанаи асосии он — Мизи корӣ (Рабочий стол — Desktop) ба ҳисоб меравад. Дар вариантҳои ҳозираи Windows, пас аз муддати ками вақти кори BIOS якбора равзанаи Мизи корӣ ба экран мебарояд. Маҳз равзанаи Мизи корӣ имконият медиҳад, ки программаҳои зарурӣ ба экран ҷеғ зада шуда, бо онҳо амалиёт гузаронида шаванд.
Анҷоми кори Windows. Пас аз бо системаи Windows ба охир расонидани ҳама гуна амалиёти лозимӣ, компютер бояд хомўш карда шавад. Асосан ду тарзи
анҷомдиҳии кори система ва хомўшгардонии компютер ҷой дорад:
1) дар клавиатура тугмаҳои Alt ва F4 -ро якҷоя пахш намудан;
2) ба воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гаштан ва дар он сатри Завершение работы (Анҷоми кор)-ро интихоб намудан.
Дар ҳар ду ҳолат ҳам дар экран равзанаи махсуси даррасми 1 овардашуда, пайдо мешавад.
Чунон ки аз расм дида мешавад, дар дохили доирачаи таРасми 1. Равзанаи анҷоми кори Windows рафи чапи сатри Выключить компьютер (Компютер хомўш карда шавад) аломати нуқта гузошта шудааст. Дар ҳаминмаврид, агар тугмаи Да (Ҳа) пахш карда шавад, он гоҳ пас аз гузаштани муддате дар экран информатсияи зерин пайдо мешавад:
Microsoft WINDOWS
Завершение работы Windows
(Анҷоми кори Windows )
Бо ин информатсия ситемаи Windows истифодабарандагонро огоҳ месозад, ки дар хомўш гардонидани компютер ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Пас аз гузаштани муддати на он қадар зиёди вақт, дар экран информатсияи навбатӣ пайдо мешавад:
Теперь питание компьютера можно отключить
(Акнун компютерро хомўш кардан мумкин аст)
Танҳо дар сурати пайдо шудани ҳамин информатсия компютерро хомўш кардан мумкин аст.
Агар аломати нуқта дар дохили доирачаи сатри Перезагрузить компьютер (Компютер аз нав ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows боз аз сари нав ба кор медарояд.
Агар аломати нуқта дар доирачаи сатри Перезагрузить компьютер в режиме эмуляции MS-DOS (Компютер дар реҷаи MS DOS ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гоҳ пас аз пахши тугмаи Да (Ҳа) системаи Windows аз хотираи компютер хориҷ карда мешавад ва ба ҷойи он системаи оператсионии MS DOS ба кор шурўъ менамояд.
Дар ин реҷа программаҳое, ки онҳо танҳо барои муҳити системаи MS DOS сохта шудаанд, кор карда метавонанд. Ба ин программаҳо қабатҳои программавии Norton Commander, Volkov Commander, таҳриргари матнии Лексикон, ҷадвали электронии Superсalc ва ғайра дохил мешаванд. Барои ба системаи Windows бозгаштан бошад, кифоя аст, ки дар сатри командавии MS DOS командаи Exit дохил карда шавад.
Саволҳо:
- Оғози кори Windows аз чӣ сар мешавад?
- Аввалин равзанае, ки ҳангоми оғози кори Windows дар экран пайдо мешавад, чӣ ном дорад?
- Барои анҷомдиҳии кори Windows кадом амалиётро иҷро намудан лозим аст?
- Кадом вақт компютерро хомўш кардан мумкин аст?
- Чӣ гуна ба реҷаи кори MS DOS гузаштан мумкин аст?
Супориш:
- Матни мавзўъро бодиққат хонед ва онро нақл кунед.
- Дар синфхонаи компютерӣ бо навбат аввал компютерро ба кор дароред ва баъд онро хомўш намоед.
- Компютерро барои дар реҷаи MS DOS кор кардан омода созед ва баъд аз нав ба реҷаи Windows баргардед.
Источник
ОГОЗ ВА АНЧОМИ КОРИ СИСТЕМАИ ОПЕРАТСИОНИИ WINDOWS
Огози кори Windows. Барои ба кор даровардани системаи оператсионии Windows кифоя аст, ки компютер ба чараёни барк пайваст карда шуда, дар блоки системави тугмаи POWER пахш карда шавад. Дар баъзе вариантхои Windows пас аз пахши тугмаи POWER равзанаи диалогии махсус пайдо шуда, номи истифодабаранда ва пароли (калид) он пурсида мешавад. Дар ин маврид истифо-
дабаранда бояд ин информатсияро дар майдончахои муайян дохил намояд ва тугмаи Ok -ро пахш намояд. Агар ба экран равзанаи робитавии Добро пожаловать (Мархамат намоед Welcome) барояд, он гох тугмаи Зарыть (Пушида шавад Close)-ро пахш кардан лозим аст. Пас аз он Windows ба таври автомати ба кор шуруъ менамояд.
Огози кори Windows — ин дар экран пайдошавии равзанаи асосии он — Мизи кори (Рабочий стол — Desktop) ба хисоб меравад. Дар вариантхои хозираи Windows, пас аз муддати ками вакти кори BIOS якбора равзанаи Мизи кори ба экран мебарояд. Махз равзанаи Мизи кори имконият медихад, ки программахои зарури ба экран чег зада шуда, бо онхо амалиёт гузаронида шаванд.
Анчоми кори Windows. Пас аз бо системаи Windows ба охир расонидани хама гуна амалиёти лозими, компютер бояд хомуш карда шавад. Асосан ду тарзи
анчомдихии кори система ва хомушгардонии компютер чой дорад:
1) дар клавиатура тугмахои Alt ва F4 -ро якчоя пахш намудан;
2) ба воситаи тугмаи Пуск ба менюи асосии Windows ворид гаштан ва дар он сатри Завершение работы (Анчоми кор)-ро интихоб намудан.
Дар хар ду холат хам дар экран равзанаи махсуси даррасми 1 овардашуда, пайдо мешавад.
Чунон ки аз расм дида мешавад, дар дохили доирачаи таРасми 1. Равзанаи анчоми кори Windows рафи чапи сатри Выключить компьютер (Компютер хомуш карда шавад) аломати нукта гузошта шудааст. Дар хаминмаврид, агар тугмаи Да (Ха) пахш карда шавад, он гох пас аз гузаштани муддате дар экран информатсияи зерин пайдо мешавад:
Microsoft WINDOWS
Завершение работы Windows
(Анчоми кори Windows )
Бо ин информатсия ситемаи Windows истифодабарандагонро огох месозад, ки дар хомуш гардонидани компютер ба саросемаги рох надиханд. Пас аз гузаштани муддати на он кадар зиёди вакт, дар экран информатсияи навбати пайдо мешавад:
Теперь питание компьютера можно отключить
(Акнун компютерро хомуш кардан мумкин аст)
Танхо дар сурати пайдо шудани хамин информатсия компютерро хомуш кардан мумкин аст.
Агар аломати нукта дар дохили доирачаи сатри Перезагрузить компьютер (Компютер аз нав ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гох пас аз пахши тугмаи Да (Ха) системаи Windows боз аз сари нав ба кор медарояд.
Агар аломати нукта дар доирачаи сатри Перезагрузить компьютер в режиме эмуляции MS-DOS (Компютер дар речаи MS DOS ба кор дароварда шавад) гузошта шуда бошад, он гох пас аз пахши тугмаи Да (Ха) системаи Windows аз хотираи компютер хорич карда мешавад ва ба чойи он системаи оператсионии MS DOS ба кор шуруъ менамояд.
Дар ин реча программахое, ки онхо танхо барои мухити системаи MS DOS сохта шудаанд, кор карда метавонанд. Ба ин программахо кабатхои программавии Norton Commander, Volkov Commander, тахриргари матнии Лексикон, чадвали электронии Superсalc ва гайра дохил мешаванд. Барои ба системаи Windows бозгаштан бошад, кифоя аст, ки дар сатри командавии MS DOS командаи Exit дохил карда шавад.
Саволхо:
- Огози кори Windows аз чи сар мешавад?
- Аввалин равзанае, ки хангоми огози кори Windows дар экран пайдо мешавад, чи ном дорад?
- Барои анчомдихии кори Windows кадом амалиётро ичро намудан лозим аст?
- Кадом вакт компютерро хомуш кардан мумкин аст?
- Чи гуна ба речаи кори MS DOS гузаштан мумкин аст?
Супориш:
- Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
- Дар синфхонаи компютери бо навбат аввал компютерро ба кор дароред ва баъд онро хомуш намоед.
- Компютерро барои дар речаи MS DOS кор кардан омода созед ва баъд аз нав ба речаи Windows баргардед.
Источник
ТАРЗИ КОРКАРДИ ИНФОРМАТСИЯ ДАР КОМПЮТЕР
Тавре ки аллакай медонем, компютер метавонад, информатсияи табиати дилхохдоштаро кор карда барояд. Информатсия метавонад адади, матни, графики, тасвири, садои ва гайра бошад. Аз тарафи дигар мо медонем, ки компютер танхо бо кодхои дуйи кор карда метавонад. Пас саволе ба миён меояд, ки информатсияи гуногун аз тарафи компютер чи тавр кор карда баромада мешавад?
Гап дар сари он аст, ки дар компютер хар гуна инфор матсия бо ёрии ададхо кодгузори карда мешавад. Компютер хангоми кор танхо бо коди информатсия сару кор дорад.
Мо дар хаёти мукаррарии харрузаамон аз системаи хисоббарорие истифода мебарем, ки онро системаи дахи мегуянд. Хар гуна адад дар ин система ба воситаи дах ракам — 0, 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9 ифода карда мешавад. Донистани конуну коидахои ичрои амалхо дар ин система кифоя аст, хар гуна масъалаи хаётии дар наздамон гузошташударо хал намоем. Мо бо ин система чунон одат кардаем, ки хатто дар бораи вучуд доштани дигар системахои хисоббарори фикр хам намекунем. Дар асл дар хаёт системахои хисоббарории зиёде мавриди истифода карор гирифтаанд. Бале, хайрон нашавед! Хангоми азхудкунии принсипи кори компютер шумо аллакай бо яке аз чунин системахои хисоббарори шинос хохед шуд.
Аслан протсессори компютер информатсияеро кор карда баромада метавонад, ки он бо ёрии сигналхои электрики ифода карда шуда бошад. Аз нуктаи назари физикави, ба протсессор хеле кулай аст, ки информат-сияи кабулнамудаашро бо ёрии ду вазъ (холат) кодгузори намонд:
- a) шиддати сигнали электрики мавчуд аст;
и) шиддати сигнали электрики мавчуд нест.
Агар мо мавчуд будани шиддати сигнали электрикиро ба воситаи раками 1 ва мавчуд набудани онро ба воситаи раками 0 ишорат кунем, он гох маълум мегардад, ки прот-
сессор хар гуна информатсияро бо ёрии танхо ду ракам (1 ва 0) кодгузори мекардааст. Системаи хисоббарориеро, ки танхо ракамхои 0 ва 1-ро истифода мебарад, системаи дуйи мегуянд.
Инсоният ба системаи дахии хисоббарори яку якбора наомадааст. Олимон бар он акидаанд, ки асоси гузаштан ба системаи дахиро, дах ангушти дастони инсон ташкил намудааст. Шояд хамин тавр хам бошад. Лекин биёед лахзае тасаввур кунем, ки мо дар ихтиёрамон танхо ракамхои 0 ва 1-ро дорем. Оё мо метавонем, ки хамаи ададхоро бо ёрии ин ду ракам ифода намоем? Албатта метавонем. Масалан, мувофикати якчанд ададхои аввалаи бутуни мусбати системаи дахи ва дуйи чунин аст:
Дахи 0 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17
Дуи 0 1 10 11 100 101 110 111 1000 1001 1010 1011 1100 1101 1110 1111 10000 10001
Тарзи аз як системаи хисоббарори ба дигар система гузаштанро, дар мисоли адади дахии 13, ки дар системаи дуйи хамчун 1101 тасвир карда мешавад, нишон медихем:
Дар мисол, тасвири адади додашуда ба разрядхо чудо карда шудааст — 13 ду разряд дорад, 1101 — чорто. Протсессори Pentium, ки дар он барои интиколи информатсия 32 сим хизмат мерасонад, яку якбора метавонад адади дуйии 32-разрядаро кор карда барояд. Азбас-ки протсессори Intel-80286 аз 16 сим иборат аст, ин протсессор аз Pentium дида ададхоро ду маротиба сусттар интикол мекунад.
Хангоми омузиши хотираи компютер, мо кайд карда будем, ки разрядхои дуйиро бит ва мачмуи 8-битро байт ном мебаранд. Барои ченкунии хачми информатсияи дар хотираи компютер махфузбуда бошад, аз ченакхои калонтар — килобайт (Кбайт), мегабайт (Мбайт), гигабайт (Гбайт) ва гайра истифода мебаранд.
Масалан, дискети 3,5 дюймаги 1 457 664 байт информатсияро гунчонида метавонад, ки онро пас аз яклухткуни 1,4 (13)10=10+3=1101+3100=(1101)2=123+122+021+120=8+4+0+1=(13)10 13 1101
79 Мбайт мегуянд. Ин микдор зиёд аст ё кам? Агар ба хисоб гирем, ки як символи матни ба воситаи як байт ифода карда мешавад, он гох гуфта метавонем, ки дар чунин диск такрибан 1,5 миллион символ ё такрибан 100 сахифа китоб мегунчад. Мутаассифона, имруз ин микдор информатсия хеле кам шумурда мешавад. Агар ин ададро ба информатсияи шакли овоздошта табдил дихем, он гох дар дискет хамаги 17 сония стереоовози сифатнокро гунчонидан мумкин асту халос. Расми рангаи формати А4 (вараки чопкунии андозааш 210х297 мм) аз 20 Мбайт зиёдтар хачмро талаб менамояд. Албатта дар ин мавридхо на аз дискетхо, балки аз компакт-дискхо истифода мебаранд, ки гунчоиши онхо аз 600 Мбайт зиёдтар аст.
Дар диски сахти компютер (винчестер) информат-сияи гуногун — программахо, матни хуччатхо, тасвирхои графики, видеоклипхо, суруду мусикихо ва гайрахо
махфузанд, ки хамаи онхо махз бо ёрии хамон ду вазъи мантики — хаст ё нест, 1 ё 0, фурузон ё хомуш ва гайрахо кодгузори карда мешаванд.
Саволхо:
- Кадом намудхои информатсияро медонед?
- Компютер информатсияро чи тавр кор карда мебарояд?
- Протсессор информатсияро чи гуна кодгузори менамояд?
- Чаро протсессори Pentium аз протсессори Intel-80286 информатсияро ду маротиба тезтар интикол медихад?
- Дискети 3,5 дюймаги чанд байт информатсияро гунчонида метавонад?
Супориш:
- Матни мавзуъро бодиккат хонед ва онро накл кунед.
- Доир ба тарзи коркарди информатсия дар компютер фикратонро дар дафтар баён намоед.
Источник
Компютери фарди ва кисмхои он
Шиносои бо кисмхои функсионалии компютер. Аз худ намудани тарзи ба кор андохтан ва хомуш намудани компютер. Малакаи чидани харфхоро дар клавиатура баланд бардоштан.
Чуноне, ки қайд карда шуд, компютер аз 4 қисмҳои асосии ташкилкунанда иборат буда, ҳар яки он қисмҳо вазифаи алоҳидаи худро дорад.
расми 1.1 Намуди умумии компютер бо қисмҳои асосиаш
1.Блоки системави- яке аз қисмҳои асоси компютер ба ҳисоб меравад, зеро дар он хотираи дохилӣ ва беруна, плата, материнка, протсессор ҷойгир карда шудааст.
расми 1.2 Блоки системавӣ
2.Боз як қисми асосии ташкилкунандаи комютерҳои фардӣ ин монитор мебошад, ки он ҳамчун таҷҳизоти бароранаи маълумот хизмат мекунад, чунки дар он маълумотҳои дохил кардашуда бароварда мешавад.
Расми 1.3. монитор
ду намуди монитрохо мавҷуд аст, ки онҳо: ранга ва сиёҳу сафед мебошад.
3.Дигар қисми ташкилкунандаи ин технология ин клавиатура мебошад. Он барои дохил кардани маъулмот ба компютер хизмат мекунад. Он аз якчанд тугамачаҳо иборат меьбошад. Ки онҳоро вз рӯи иҷрои вазифаашон ба чунин қисмҳо тақсим мекунанд.
1.клавишаҳои функсионали — 12 тугмачае, ки дар қисми болоии клавиатура ҷойгир карда шудааст.
2.Клавишаҳои ҳарфӣ — иугмачаҳое, ки дар ҳарфҳо тасвир ёфта бо ёрии онҳо мантҳо ҳуруфчинӣ карда мешаванд.
3.Клавишаҳои ёрирасон — ин гунна клавишаҳо барои он ёрирасон ном гирифтаант, ки барои иҷрои ягон амал ёри мерасонанд, яъне барои варақгардон кардани ҳуҷҷат клавишаи ба боло (Page Up) ё ба поён(Pagedown) df ғайраҳо истифода мешаванд.
4.Клавишаҳои рақамӣ — он дар қисми чапи клавиатура ҷойгир карда шуда, барои дохил намудани маълумотҳои намудашон ададӣ истифода бурда мешавад.
5.Клавишаҳои ҳарфӣ-рақамӣ ин гуна клавишаҳо барои дохил намудани ҳам ҳарф ва ҳам ададҳо истифода мебаранд.
расми 1.4. клавиатураи муққарарӣ
4.қисми дигари комютерҳои фарди ин мушак мебошад, ки онро «монипулятор» мегуянд, зеро он фармонҳои лозимаи аз тарафи истифодаранда додашавандаро иҷро мекунад, он дар назар хело сода менамоянд, вале бисёр корҳои зиёдро ба анҷом мерасонад. Зеро дар истифода нисбати клавиатура кулайтар аст, ҷои зиёдро талаб намекунад. Ҳамчунин барои иҷрои боз дигар амалиётҳо истифода бурдан мумкин аст.
Расми 1.5. Мушак
мушак аз 2 ё з қисми иборат мебошад. Мушакҳои 2 қисма: ин намуди мушакҳое, ки аз қисми чап ва рост иборат мебоад, ки ҳар як қисм вазифаи худро иҷро мекунад.
Мушакҳои 3 қисма: мушакҳое, ки аз қисмҳои чап, рост ва мобайнӣ иборат мебошад, қисми мобайни одатан барои варақгардон кардани саҳифа истифода бурда мешавад, ки он низ барои осон кардани кори истифодабарнда сохат шудааст.
Ба ғайр аз инҳо компютер боз қисмҳоиловагиро дорад ба қатори ин кисмҳо дохил мешавад: Таҷҳизоти чопкнанда (принтер), таҷҳизоти аксгиранда (сканер), таҷҳизоти нусхагиранда (ксерокс), таҷҳизотҳои овозӣ (колонки), таҷҳизотҳои шабакави ба монанди модем, хап симҳо, конектор ва ғайрахо
Чуноне ки ба ҳамаи мо маълум аз имрӯзҳо технологияҳои компютери рӯз ба рӯз нав шуда, зиёд шуда истодааст, аз ҳамин сабаб мо бояд аз ин намуди компютерҳои фардӣ низ маълумоте дошта бошем. Яке аз чунин намудҳои компютерҳои фарди ин Notebook мебошад. Ин намуди комютерҳо аз комютерҳои мизи, яънеи муқаррари бо он фарқ мекунад, ки онро ба ҳар куҷо гирифта рафта кор фармудан мумкин аст, яъне ҳаҷман хурд, сабук, маълумоти мисли комютерҳои мизӣ нигоҳ дошта метавонад, боз як ҷиҳати фарқунандааш ин бо аккумулятор кор мекунад.
Расми 1.6. Ноутбук
мо доири комютерҳои мизӣ гуфта мегузарем. Инак тарзи ба кор омода созии компютер чи тавр ба амал оварда мешавад.
1.Ҳангоми хомуш будани комютер барои ба кор омода сохтани он аз кнопкае, ки дар пойёни блоки системави кнопкаи ба кор омодасозӣ мавҷуд аст, ҳангоми пахш намудани ин кнопка комютер ба кор омода мешавад, баъд мониторро ба кор омода месозад бо пахш намудан ба тугмачаи дар монитор буда. Клавиатура ва мушак автоматики ҳангоми ба кор омода шудани блоки системави ба кор тайёр мешавад.
2.Барои хомӯш намудани комютер якчанд роҳҳои амали сохтани он мавҷуд мебошад.
1.Аз менюи Пуск -фармони «Выключения»-ро интихоб карда лозим аст, баъд аз даричаи бароимада фармони «Выключение»-ро пахш мекунед, компютер ба хомушавӣ оғоз мекунад.
Расми 1.7. Тарзи ба кор анҷом бахшидан
2.Роҳи дкюми хомуш намудани компютер ин пахш намудан ба тугмачаи «Sleep» ки дар клавиатура дар қатори тугмачаҳои ёрирасон истоааст, мебошад.
3.Боз як роҳи дигари хомӯш намудани компютер ин бо пахш намудан ба тугмачаҳои «Alt+F4» клавиатура мебошад.
Чуноне, ки дар боло қайд шуд, клавиатура асосан барои чидани ҳарфҳо пешбинӣ карда шудааст, аз ҳамин сабаб барои ичдани ҳарфҳо бо ёрии клавиатура иҷро карда мешавад. Барои дар хотир нигоҳ доштани тарзи ҷойгиршавии ҳарфҳо бояд расми онро ба коғаз кашида, дар рӯи он ҳарф чиниро иҷро намудан лозим аст, зеро агар якбора бо клавиатураи комютер оғоз кунед, барои чидани як калима вақти зиёдро сарф мекунед.
Источник