Шугли ахоли чойхои кори холи

Kor.tj — Site

Паёмҳо

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои а

28/01/2021 Тафсир

Ролики таблиғотӣ оид ба курсҳои омӯзишии шуғли фосилавӣ бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират

Ролики таблиғотӣ оид ба курсҳои омӯзишии шуғли фосилавӣ бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

28/09/2020 Тафсир

Шугли ахоли чойхои кори холи

Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Ролики тарғиботӣ доир ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

12/02/2020 Тафсир

Шугли ахоли чойхои кори холи

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26.2019

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 26.12.2019 13:02, шаҳри Душанбе

27/12/2019 Тафсир

Шугли ахоли чойхои кори холи

СОЛҲОИ 2019-2021 СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

СОЛҲОИ 2019-2021 СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲИ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

04/01/2019 Тафсир

Шугли ахоли чойхои кори холи

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Рахмон (12.2018)

Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба

04/01/2019 Тафсир

Шугли ахоли чойхои кори холи

КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кодекси мазкур муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу озоди

04/07/2018 Тафсир

Шугли ахоли чойхои кори холи

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (минбаъд-СМР-2030)

04/07/2018 Тафсир

Источник

Ҷои кори холӣ

Ҷойҳои кории холӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии зерин озмун эълон менамояд:

1. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, 1 ҷой, маоши мансабӣ -1131,60

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди дархостҳо аз кишварҳои ИДМ-и Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ -972,90

3. Мутахассиси шуъбаи таъини қисми суғуртавӣ ва нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Душанбе, 1 ҷой, маоши мансабӣ -800,40

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

— ариза ба унвони роҳбари мақомот;

— варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

— шарҳиҳол;

— нусхаи диплом;

— 2 дона расми 3х4;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

— нусхаи шиноснома;

— маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амволи шахсӣ;

— нусхаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда);

— маълумотнома азҷои истиқомат;

— маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38 УЕ;

— нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН);

— маълумотнома аз ВКД дар бораи доғи судӣ;

— маълумотнома (справка-объективка).

Талаботи тахассусӣ:

Барои ишғолкунандагони мансаби сармутахассис:

— таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

— малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассиси пешбар:

— таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

— 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

Барои ишғолкунандагони мансаби мутахассис:

— таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

ш. Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ 103 «А»; тел. 233-81-02.

Қабули ҳуҷҷатҳо: дар мӯҳлати 21 рӯз пас аз чопи эълон.

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд:

1. Сармутахассиси бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд — 1 ҷой

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшииносӣ ё иқтисодӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузории Раёсати Агентиро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ 1186,80 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

2. Сармутахассиси шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар ш.Хуҷанд -1 ҷой

3. Сармутахассиси шуъбаи коркарди суратҳисобҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар ш.Хуҷанд — 1 ҷой;

4. Сармутахассиси шуъбаи таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар ш.Хуҷанд — 1 ҷой

5. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгири ва нигаҳдории асноди нафақавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар ш.Хуҷанд — 1 ҷой;

6. Сармутахассиси шуъбаи таъини қисми суғуртавии нафақаи суғуртавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар ш.Истаравшан — 2 ҷой;

7. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони РАСИН-и ноҳияи Ашт — 1 ҷой;

8. Сармутахассиси шуъбаи баҳисобгирии инфиродии РАСИН-и ш.Исфара — 1 ҷой;

9. Сармутахассиси бахши кор бо соҳибкорон РАСИН-и ш.Конибодом — 1 ҷой;

10. Сармутахассиси шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар н.Зафаробод — 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва Раёсатҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияи Исфара ва Аштро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Маоши мансабӣ сармутахассисони ММБИ дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан 1131,6 сомонӣ, сармутахассиси РАСИН-и Исфара ва Конибодом 1131,6 сомонӣ ва сармутахассиси РАСИН-и ноҳияи Ашт ва ШАСИН-и ноҳияи Зафаробод 1076,4 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

11. Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди суратҳисобҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Истаравшан — 1 ҷой;

12. Мутахассиси пешбари шуъбаи коркарди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфироди ва бақайдгирии шахсони воқеии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Истаравшан — 1 ҷой;

13. Мутахассиси пешбари бахши бойгонӣ ва коркарди дархостҳо аз давлатҳои ИДМ-и Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Истаравшан — 1 ҷой;

14. Мутахассиси пешбари бахши коркарди суратҳисобҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳри Панҷакент — 1 ҷой;

15. Мутахассиси пешбари шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ш.Гулистон — 1 ҷой;

16. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии инфиродӣ ва кор бо соҳибкорони РАСИН-и н.Мастчоҳ — 1 ҷой;

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии иқтисодӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъба ва бахшҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакентро ба танзим медароранд;

Маоши мансабӣ мутахассисони пешбари ММБИ дар шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакент 924,60 сомонӣ, мутахассиси пешбари ШАСИН-и шаҳри Гулистон 924,60 сомонӣ ва мутахассиси пешбари РАСИН — и ноҳияи Мастчоҳ 881,20 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

17.Мутахассиси шуъбаи баҳисобгири ва нигаҳдории асноди нафақавии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар ш.Хуҷанд — 1 ҷой;

18. Мутахассиси бахши кор бо соҳибкорони РАСИН-и ш.Хуҷанд — 1 ҷой;

19. Мутахассиси шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Гулистон — 1 ҷой;

20.Мутахассиси шуъбаи Агентӣ дар шаҳри Бӯстон — 1 ҷой.

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи касбии иқтисодӣ;

-донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси ММБИ дар шаҳри Хуҷанд, Раёсат ва шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон ва Гулистонро ба танзим медароранд;

Маоши мансабӣ 759,0 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рӯи Ҷадвали ягонаи тарифӣ.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

-аризаи шахсӣ ба номи сардори Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038);

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ;

-маълумотнома оид ба доштан ё надоштани доғи судӣ;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, баъди чопи аввалини эълон дар муҳлати 21 рӯз дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ №120, ошёнаи 3, утоқи бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Суғд, телефон 4-36-75, факс 4-36-75, суроғаи электронӣ Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

Источник

Озмуни ҷои кори холӣ

АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати

давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:

Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон

сармутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 1040 сомонӣ;

Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист

мутахассиси пешбар — 1 ҷой, маоши мансабӣ 847 сомонӣ;

мутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ 80 дирам;

Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия

мутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ 80 дирам;

Раёсати омори савдо ва хизатрасонӣ

мутахассиси пешбар — 1 ҷой, маоши мансабӣ 847 сомонӣ

мутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ 80 дирам;

Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот

мутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 696 сомонӣ 80 дирам;

Шуъбаи нархҳо ва тарифҳо

мутахассиси пешбар — 1 ҷой, маоши мансабӣ 847 сомонӣ

Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар шаҳри Ваҳдат

мутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 660 сомонӣ

Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар шаҳри Турсунзода

сармутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 984 сомонӣ

мутахассис- 1 ҷой, маоши мансабӣ 660 сомонӣ

Шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Файзобод

сармутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 сомонӣ

мутахассиси пешбар- 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Тоҷикобод

мутахассиси пешбар- 1 ҷой, маоши мансабӣ 768 сомонӣ

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Лахш

мутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Нуробод

мутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ноҳияи Сангвор

мутахассис — 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 сомонӣ.

Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

барои сармутахассисон — таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисони пешбар — таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

барои мутахассисон — таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);

барои мутахассисони пешбар ва мутахассисони мақомоти омори маҳалӣ — таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), олии кишоварзӣ барои мутахассисони пешбар ва миёнаи касбии кишоварзӣ барои мутахассисон (менеҷмент агроном, агрономии боғпарвар-иқтисодиёт менеҷмент, технологияҳои нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ — иқтисодиёт менеҷмент, зоотехнология менеҷмент, беҳдошти замин-иқтисодиёт ва менеҷменти хоҷагии об,);

барои довталабони мақомоти омор дар маҳалҳо

дар доираи талаботи тахассусӣ ғайр аз ихтисосҳои иқтисодӣ, оморӣ ва математика, инчунин ихтисосҳои менеҷментии соҳаи кишоварзӣ (агрономӣ-менеҷмент, агрономи боғпарвар — иқтисодиёт менеҷмент, зоотехнология менеҷмент, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ — иқтисодиёт менеҷмент, беҳдошти замин — иқтисодиёт ва менеҷменти хоҷагии об), барои мансабҳои категорияи шашум (мутахассиси пешбар) таҳсилоти олии кишоварзӣ ва барои категорияи ҳафтум (мутахассис) таҳсилоти миёнаи касбии кишоварзӣ ба инобат гирифта мешавад.

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

— аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;

— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

— тарҷумаи ҳол;

— 2 дона расми андозаи 3х4;

— нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

— нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

— маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).

— маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

— нусхаи шиноснома;

— нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

— нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:

ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №306 ва №307

Тел: 227-63-24; 221-57-21; Fax: 221-43-75;

Мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо ба муҳлати 21 рӯз пас аз рӯзи нашри эълон.

Источник

Мехнат, мухочират ва шугли ахоли

Тибки маълумоти омори ба холати 1 августи соли 2018 музди миёнаи мехнат 1214,6 сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 66,8 сомони ё 5,8 фоиз зиёд шудааст. Дар нух мохи соли 2018 аз чониби ситодхои кории махалли оид ба бартарафсозии карздории музди мехнат доир ба чорахои андешидашуда маълумот пешниход намуда истодаанд.

Ба холати 1 августи соли 2018 маблаги карздори аз пардохти музди мехнат (бо назардошти карзхои пешин) дар микёси чумхури 23655,1 хазор сомони мебошад ва нисбат ба аввали сол 4808,6 хазор сомони ва ё 27 фоиз кохиш ёфтааст.

Карздории музди мехнат дар вилояти Сугд 10 066,3 хазор сомони, дар вилояти Хатлон 5801,9 хазор сомони, дар нохияхои тобеи чумхури 6529,0 хазор сомони, дар шахри Душанбе 645,9 хазор сомони ва ВМКБ 612,0 хазор сомони мебошад.

Зиёдшавии карздории музди мехнат дар ВМКБ 182 хазор сомони ва вилояти Хатлон 687,9 хазор сомони ба назар мерасад.

Кохиш ёфтани карздории музди мехнат дар вилояти Сугд ба андозаи 271,5 хазор сомони, шахри Душанбе 1673,1 хазор сомони ва НТЧ 3734,4 хазор сомони ба кайд гирифта шудааст.

Тахлилхо нишон медиханд, ки сабабу омилхои пайдоиш ва мавчудияти карздори аз музди мехнат дар сохахои иктисоди чумхури гуногунанд. Аз чумла, дар шахру нохияхои чумхури ичро нашудани накшаи даромади бучет, аз тарафи фармоишгарон пардохт нашудани маблаги корхои ичрошуда, гун накардани андозхои махалли, ба фуруш нарафтани махсулот, сари вакт маблаггузори нагардидан аз тарафи сармоягузорон, гайри максаднок истифода намудани маблагхои музди мехнат ва гайра мебошанд.

Тибки маълумоти варакахои мухочирати аз чумхури 359 054 нафар шахрванд ба хоричи кишвар ба мухочирати мехнати сафар намудаанд, ки аз инхо 310 359 нафар мард ва 48 695 нафар зан мебошанд. Аз чумла, ба Федератсияи Россия 343 912 нафар ва ба Казокистон 9571 нафар сафар кардаанд.

Рафти мухочирати мехнати ба хорича нисбат ба хамин давраи соли гузашта 32 344 нафар ё ин ки 8 фоиз кам шудааст. Дар ин давра аз хоричи кишвар 279 398 нафар мухочири мехнати ба ватан бозгаштанд, аз ин 228533 нафар мард ва 50865 нафар зан мебошанд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 4694 нафар, ё ин ки 2 фоиз зиёд шудааст.

Дар дохили кишвар бо чойи кор таъмин намудани мухочирони мехнати — шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, яке аз масъалахои мухими ин самт махсуб мебошад.

Бо назардошти ин ва бо максади бо чойи кор таъмин намудани ин категорияи шахрвандон тибки фармоиши Вазири мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон аз 7 апрели соли 2015, №57 «Дар бораи тасдики Барномаи бокортаъминкунии шахрвандони Чумхурии Точикистон — мухочирони мехнати, ки воридшавиашон ба ФР ва дигар кишвархо манъ аст» аз чониби сохторхои вазорат дар шахру нохияхои чумхури ба 4638 нафар ба касбомузи ва ба 2296 нафар тавсия барои чойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натича 944 нафар сохиби касб гардида, 621 нафар бо чойи кори доими таъмин карда шуданд.

Хамзамон ширкатхое, ки барои чалби кувваи кории хоричи ба чумхури ичозатнома доранд, дар баробари чалби шахрвандони хоричи таносуби бокортаъминкунии шахрвандони ватаниро риоя намуда, 7110 нафар шахрвандонеро, ки воридшавии онхо ба Федератсияи Россия манъ шудааст, ба кор чалб намуданд. Дар мачмуъ дар давраи хисоботи 7731 нафар чунин шахрвандон бо чойхои кори дар дохили кишвар таъмин карда шуданд.

Дар давраи хисоботи ба макомоти мехнат ва шугли ахоли 102689 нафар шахрванд мурочиат намуданд, ки 72273 нафари онхо хамчун корчу ба кайд гирифта шуда, ба 44344 нафар расман макоми бекори дода шуд. Тавассути татбики чорабинихои Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахоли дар мачмуъ 47072 нафар шахрванд бо чойхои кори таъмин гардиданд.

Аз чумла, ба воситаи чойхои кории бандшуда (квотахо) 3379 нафар ва тавассути ташкили корхои фарди 2900 нафар сохиби чойи кор шуданд.

Дар асоси 249 шартномахои тарафайн бо корхонаву ташкилотхо 5206 нафар ба корхои чамъияти ва 16097 нафар аз хисоби маблагхои бучети барнома дар марказхои таълими касбии макомоти мехнат ва шугли ахоли ба омузиши касби фаро гирифта шуданд.

Ба 7942 нафар бинобар аз даст додани чойи кор ба муддати то 3 мох кумакпули барои бекори пардохт гардид.

Бо максади мусоидат барои дарёфти чойи кори муносиб ба шахрвандон аз чониби макомоти мехнат ва шугли ахоли дар ин давра 610 ярмаркаи чойхои кории холи ва вазифахои озод гузаронида шуда, 5700 нафар корчу дар ин ярмаркахо сохиби чойи кор гардиданд, ба 5602 нафар роххат барои касбомузи дода шуд ва 1649 нафар ба ичрои корхои чамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 26318 нафар шахрванд хизматрасонии касби расонида шуд.

Тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаи чойхои кории холи 12951 нафар шахрванди бекор ва корчу ба намудхои гуногуни шугл чалб шуданд.

Хамин тавр, дар нух мохи соли 2018 аз чониби макомоти мехнат ва шугли ахоли дар мачмуъ ба 166569 нафар шахрванд хизматрасонии ичтимои анчом дода шуд.

Дар натичаи тадбирхои андешида дар нух мохи соли 2018 дурнамои нишондихандахои Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон дар сатхи 101,6 фоиз таъмин карда шуд.

Давоми нух мохи соли 2018 тавассути макомоти мехнат ва шугли ахоли чихати машгул шудан ба фаъолияти сохибкори ба 2900 нафар шахрванди бекор ба андозаи 8,5 млн. сомони кумаки молияви дода шуд, ки аз ин теъдод 1,7 хазор нафар зан ва 1,1 хазор нафар чавон буда, мутаносибан сохиби 4,8 млн. сомони ва 3,2 млн.сомони кумаки молияви гардиданд.

Тахлили таркиби ин самти фаъолият дар микёси чумхури нишон медихад, ки шахсони бекор зимни бархурдор шудан аз кумакхои молияви асосан ба сохахои истехсоли, тичорати ва хизматрасони ба ахоли ва холо бошад ба рушди сохибкори дар бахши хунархои мардуми машгуланд.

Бо эълон гардидани соли 2018 соли «Рушди сайёхи ва хунархои мардуми», ки барои эхё ва рушди хунархои мардуми ва дар ин замина бо шугл таъмин намудани ахоли, бахусус занону духтарон мусоидат менамояд, корхои таблиготию ташвикоти дар байни ахоли оид ба омузиши хунархои мардуми васеъ ба рох монда шуда, курсхои кутохмуддати омузиши касбу хунархои мардуми дар муассисахои таълимии системаи вазорат ташкил карда шуданд. Дар ин замина 17950 нафар ба омузиши хунархои гуногуни мардуми аз кабили, адрасу атласбофи, заргариву зардузи ва гайрахо чалб карда шуданд, ки 22,4 фоизи шахрвандони дар мачмуъ ба касбомузи фаро гирифташударо ташкил медихад.

Чихати дастгири ва эхёи намудхои гуногуни хунархои мардуми ба 763 нафар шахрванди бекор, бахусус занону духтарон ба андозаи 2518,4 хазор сомони карзхои имтиёзнок дода шуд.

Тайи давраи хисоботи аз чониби макомоти мехнат ва шугли ахоли ба 7942 нафар шахрванд ба маблаги 3,8 млн. сомони кумакпули барои давраи бекори таъин ва пардохт гардид, ки 126,5 фоизро аз дурнамои барнома ташкил медихад.

Вазорати рушди иктисод ва савдо дар доираи ваколатхои худ минбаъд низ тахлили вазъи иктисоди миллиро бо назардошти равандхои глобали ва тагйирёбии вазъи иктисоди чахону минтака анчом дода, чихати кохиш додани таъсири хавфхои эхтимоли ба иктисоди милли чорахои таъхирнопазир меандешад ва аз натичааш дар мухлатхои мукарраршуда ба Хукумати Чумхурии Точикистон маълумоти муфассал манзур менамояд.

Источник

Читайте также:  Сделали прививку от кори можно купаться