Сафари кори эмомали рахмон дар шахри норак
Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ дорад: оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода
https://sputnik-tj.com/20200907/Rustami-Emomali-hamrohi-dorogozi-safari-korii-Emomal-Rahmon-ba-shahri-Tursunzoda—1031855203.html
Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ дорад: оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода
Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ дорад: оғози сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода сафар кард. Дар ин сафар Президенти кишварро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ… 07.09.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-09-07T10:37+0500
2020-09-07T10:37+0500
2021-04-19T16:52+0500
/html//[@name=’og:title’]/@content
/html//[@name=’og:description’]/@content
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/103102/07/1031020741_0:23:3078:1763_1920x0_80_0_0_f2c1d6a36d77fad4af267312a87e357e.jpg
турсунзода
Sputnik Тоҷикистон
@sputnik.tj
+74956456601
MIA «Rosiya Segodnya»
2020
Sputnik Тоҷикистон
@sputnik.tj
+74956456601
MIA «Rosiya Segodnya»
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
@sputnik.tj
+74956456601
MIA «Rosiya Segodnya»
https://cdn1.img.sputnik.tj/img/103102/07/1031020741_0:0:3078:1934_1920x0_80_0_0_e34266deb6f88b8385039bad35eb53c3.jpg
Sputnik Тоҷикистон
@sputnik.tj
+74956456601
MIA «Rosiya Segodnya»
Sputnik Тоҷикистон
@sputnik.tj
+74956456601
MIA «Rosiya Segodnya»
эмомалӣ раҳмон, турсунзода, ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
10:37 07.09.2020 (Навсозишуда: 16:52 19.04.2021)
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода сафар кард. Дар ин сафар Президенти кишварро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, ҳадафи ин сафари раисҷумҳури кишвар ин шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020», татбиқи амалии супоришҳои Президент оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии маводи хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи кишвар мебошад.
Манбаъ таъкид доштааст, ки бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироат ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешавад.
Инчунин қайд карда шудааст, ки дар ин сафари корӣ Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Тоҷикистон ва роҳбарони баъзе вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ менамоянд.
Гуфта шудааст, ки нахуст Президенти кишвар дар Кооперативи тиҷоратии «Дӯстӣ», воқеъ дар деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба чиниши пахта оғоз бахшида, бо хоҷагидорони шаҳр вобаста ба мақсаднок истифода бурдани замин, гирифтани се-чор ҳосил аз як замин ва захираи саривақтии маҳсулоти озуқаворӣ барои давраи зимистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки имрӯзҳо дар дигар хоҷагиҳои шаҳр низ ҷамъоварии пахта оғоз гардидааст. Ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар иттилоъ дода шуд, ки имсол майдони умумии ин навъи зироати техникӣ дар шаҳри Турсунзода ба 1177 гектар баробар гардидааст ва ҳосили миёнаи интизориро мутахассисони соҳа 22 сентнер муайян намудаанд. Аз рӯи ҷамъоварӣ ва муайян гардидани ҳосили интизорӣ имсол хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Турсунзода бояд 2590 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Дӯстӣ»-ро дар самти кишту парвариши зироати кишоварзӣ, истеҳсоли тухмии хушсифат ва саҳми арзанда гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолӣ шостаи таҳсин ҳисобида, таъкид дошт, ки анҷоми корҳои назаррас, аз ҷумла истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар ваҷаб замин ва гирифтани се-чор ҳосил дар як сол боиси амалӣ шудани ҳадафи стратегии мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мегардад.
Источник
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд раҳсипор шуд
09:13, 30 июн, 2020Муаллиф: Аваз Юлдошев, Asia-Plus
Дар ҷараёни сафари сарвари давлат ба ин минтақа як қатор иншооти нави таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ба истифода дода мешаванд.
Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд рафт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди кории президент аз деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурӯъ гардида, дар ин ҷо роҳбари давлат нахуст ба фаъолияти Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» оғози расмӣ бахшид.
Гуфта мешавад, бинои дуошёнаи марказ аз дорухона бо маводи дорувории гиёҳӣ, шуъбаҳои ҷарроҳии эндоскопӣ, дандонпизишкӣ, ташхиси фаросавтӣ, таҳлилгоҳ, утоқҳои физиотерапевтӣ ва солимгардонӣ иборат буда, барои беморон 10 кати хоб мавҷуд аст.
Дар деҳоти Хистеварзи ноҳия дур ҳузури сарвари давлат боз як иншооти тиббии дигар — бинои дуошёнаи Беморхонаи сироятии ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар Беморхонаи сироятӣ 56 воҳиди корӣ ташкил карда шудааст ва ба бештар аз 63 ҳазор аҳолии ҷамоат 2 табиби сироятшинос, 11 ҳамшираи шафқат ва 5 корманди хурди техникӣ хизмат мерасонанд. Беморхона дорои 40 кати хоб, 10 ҳуҷраи табобатӣ ва 12 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Утоқҳои табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ ба пуррагӣ таъмин карда шудааст.
Аксҳо аз хадамоти матбуоти сарвари давлат
1/6
Дар қаламрави ин деҳот Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ба истифода дод. Майдони парчам дар маҷмӯъ масоҳати 0,45 гектар заминро дар бар гирифта, баландии он бо таҳкурсияш 50 метрро ташкил медиҳад.
Президент дар деҳоти Хистеварз инчунин Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино аз 4 ошёна иборат мебошад. Дар ин ҷо мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии бонкдорӣ ҷиҳати қабули мизоҷон, расонидани хизмат ба онҳо ва анҷом додани дигар амалиётҳои бонкӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов»-и деҳоти Хистеварз шинос шуд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфта, дар 2 гектари он боғ бунёд карда шудааст. Имсол дар 3 гектар замини ин хоҷагӣ пахта, 4 гектар помидор ва дар боқимонда заминҳо хӯроки чорво кишт шуда, тибқи дурнамо, ҳосилнокии пахта бояд на камтар аз 30 сентнерро ташкил диҳад. Ҳосили интизории помидор ба 140 тонна аз як гектар баробар аст.
Дар идома раисҷумҳур фермаи парандапарварии ҶДММ «Чӯҷаи Байзо»-ро ифтитоҳ кард. Ба истифода додани ин ферма воридоти гӯшти мурғ ба мамлакатро боз ҳам коҳиш медиҳад. Зимни боздид раисҷумҳур ҷиҳати васеъ гардонидани истеҳсолот ва афзоиш додани истеҳсоли гӯшти мурғ ба масъулони соҳаи кишоварзии мамлакат супоришҳо дод.
10:24 10 июн, 2020
Дар ҳамин ҳол, тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, сарвари давлат зимни ин сафар дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани наздики 30 иншооти нави таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ноҳияи Мастчоҳ иштирок карда, бо фаъолони ноҳия вомехӯрад ва бо дастовардҳои соҳаҳои саноату бахши кишоварзӣ шинос мешавад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ноҳияи Мастчоҳ мактабу кӯдакистонҳо, толори варзишӣ, бинои маъмурии ҲХДТ, Маркази адлия, майдони Парчами давлатӣ, монументи «Пахта» ва боғи фарҳангию фароғатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дар маркази ин ноҳия инчунин Қасри фарҳанг барои 1 ҳазор ҷойи нишаст бо харҷи беш аз 30 млн сомонӣ ва Варзишгоҳи марказӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст бо 11 млн сомонӣ ба истифода дода мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Источник