Маълумот дар бораи кори хамшираги

ДДОТ — Китобхонаи электронӣ

Кори хамшираги дар педиатрия

Муаллиф(ҳо):

Номаълум

Хонданд: 52
Аз назар гузарониданд: 2105
Категория: Биология
ISBN:
Сол: 2012
Ҳаҷм: 118 саҳифа
Навъ: Таълми
Нашриёт: Душанбе
Санаи дохилкунӣ: 25.04.2016 15:35:31

Маълумот дар бораи кори хамшираги

Китобро хонданд

Санаи хондани китобНасаб, ном, номи падарЛогинБақайдгирӣ да система
18.01.2017 17:06:51Содиков Фирузчон Ходихочаевичфируз18.01.2017 17:04:51
19.02.2017 18:29:18Обидова Шохида МуродовнаShohida199812@gmail.com19.02.2017 18:23:23
19.02.2017 19:18:12Обидова Саодат АбдумачидовнаSaodat19723419.02.2017 19:16:02
04.03.2017 18:10:08МашарифовНозир04.03.2017 18:06:19
05.05.2017 11:16:46Сохиби Саидмуродsohib03.11.2015 11:28:20
31.05.2017 09:31:51Shukurov Ssanat808002.02.2017 15:06:01
31.05.2017 10:24:52Займуддинов Ҳофиз Абдусатторовичzaimuddinov31.05.2017 10:21:52
02.06.2017 12:38:29Lutfullo Tagoevlutfullo.tagoev@gmail.cim02.06.2017 12:36:42
05.08.2017 15:05:43Хочибоев Дилшод Мухаммадовичdilshod20205.08.2017 15:04:53
21.09.2017 14:24:26ibodbozor29.03.2017 17:44:13
30.09.2017 10:41:05саид шариф91999189330.09.2017 10:35:53
18.10.2017 22:43:47Asrori MuhtorDoktorxxx199118.10.2017 22:39:00
01.11.2017 22:25:55Шарипова нодира салимовнаНодира23.10.2016 21:55:37
04.12.2017 11:54:21Ҷонузокова Қумринисо Эргашевна201714031304.12.2017 11:22:51
18.01.2018 22:04:27усмон ЯтимовUsmon 2318.01.2018 21:59:44
22.02.2018 12:20:11Каюмов Аддот17.11.2016 10:19:10
04.03.2018 22:03:33Davronodinaev02061998@gmail.com04.03.2018 21:57:02
28.03.2018 22:26:56СуманSuman9628.03.2018 22:18:53
05.04.2018 13:39:11Хусенов ДиловарДиловар05.04.2018 13:37:57
08.05.2018 21:02:49Nata Makhmudovanata_makhmudova08.05.2018 21:01:38
18.05.2018 08:49:55Абдулазиз КурбоновAbdulaziz18.05.2018 08:49:05
23.05.2018 11:10:28СаттороваGulihon_1723.05.2018 11:05:28
16.06.2018 16:18:04гуля назаровагуля16.06.2018 16:15:08
17.06.2018 03:01:50Husen Usarzodahusen.zokirov.9417.06.2018 03:01:32
26.06.2018 19:21:08Саримсоков Чурабек Шарафович92976600726.06.2018 18:54:48
11.09.2018 10:19:35Назаров Саъди Абдурахимовичnsadi04.09.2018 11:19:50
22.09.2018 10:37:18Cорбон Курбоновsorbon_919922.09.2018 10:33:24
20.12.2018 18:52:11МАГГАMAGGA199920.12.2018 18:47:27
17.02.2019 21:00:54Азимов Чамшед199516.05.2017 07:18:52
21.02.2019 09:44:30АЗИЗAziz_9712.12.2017 13:30:57
21.02.2019 20:23:50Qosimov FiruzFQ21.02.2019 20:23:28
09.04.2019 19:17:31Мухиддинов Сорбон Амониллоевичsorbon_mail09.04.2019 15:59:37
20.05.2019 12:05:23Hiro Esoiyonzevaroi6813.04.2019 17:01:39
11.09.2019 16:06:37Фаррух Тӯхтаев Фахриддинович+99291959200307.09.2019 07:37:13
13.09.2019 19:30:51Камолов Икромиддин Иномидиновичikromiddin13.09.2019 19:27:57
15.09.2019 23:05:47Зарифов Сорбон Бурхонович77111178315.09.2019 22:56:42
27.09.2019 10:46:03Азизов Абдулло РустамовичAzizov_760027.09.2019 10:40:20
11.11.2019 16:52:11Маликов Рамазон Исмоиловичramazonmalikov@gmail.com12.02.2019 22:27:14
06.12.2019 08:13:41ahadjon nematovahadjon.nematov04.12.2019 08:15:33
08.03.2020 14:27:55Олимов ИлхомILHOM OLIMOV08.03.2020 14:27:26
09.04.2020 18:11:25OHnizomjon-9709.04.2020 18:11:01
25.09.2020 19:48:01Gulya Zramonqulova25.09.2020 19:43:56
28.09.2020 17:06:14аҳадҷон нематовnematov-ahadjon08.02.2020 10:45:11
29.09.2020 16:16:50Валиев Файзуддин Махмадшарифович98905076127.09.2020 09:51:49
01.11.2020 12:33:22Ҷобирова Мижгона Раҳимҷоноваjobirovamijgon@gmail.com17.09.2020 19:01:52
14.01.2021 08:18:53Ахунзода Фируз ЗохириIstar_rich14.01.2021 08:16:38
21.01.2021 17:50:14Muhiddinova TursunoiTursunoi18.09.2020 05:54:41
26.01.2021 17:01:30Окилов кодиржонOkilov_76@mail.ru25.01.2021 20:35:22
27.01.2021 08:56:26Авезов Абдукодир Султоновичdoktor.a.a.c@mail.ru02.03.2017 08:10:57
27.01.2021 09:43:17Фирдавс Рауповfedot251127.01.2021 09:42:43
04.02.2021 22:45:21MurodaliGafurov201604.02.2021 22:23:28
23.02.2021 22:36:13Эргашева Мархабохон Мардоновнаmarhabokhon23.02.2021 22:32:58
Читайте также:  Сыпь при кори характеризуется

Источник

«Дарс диҳем, ё ба суоли муфаттишон посух гӯем?» Муаллимон тафтиши додситонҳоро нозарур мешуморанд

Гурӯҳе аз омӯзгорони шаҳри Хоруғ аз тафтишҳои пайдарпайи маъмурони додситонӣ шикоят карда, гуфтанд, барои камбудҳои хурд онҳоро ҷарима мебанданд. Додситони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гуфт, танҳо иҷрои қонунро дар мактабҳо назорат кардаанд.

«Журналро тафтиш карда…»

Агар муаллим саривақт ба дарс наояд, барномаашро тайёр накунад, мо чора набинем, кӣ чора меандешад?

Рӯзи 13-уми март сомонаи «PamirDaily» дар гузорише навишт, омӯзгорони шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз тафтишҳои зиёди кормандони додситонӣ норозӣ ҳастанд. Омӯзгорон аз тарси пеш наомадани мушкил дар корашон аз ифшои ном худдорӣ кардаанд. Ба гуфтаи омӯзгорон, беш аз ним сол аст, ки маъмурони додситонӣ зуд-зуд ба мактабҳои вилояти Бадахшон “меҳмон” шуда, сабаби омадани худро тафтиши кори омӯзгорон мегӯянд.

«Барои муаллими оддӣ, омадани корманди қудратӣ, аз ҷумла додситонӣ як навъ фишор аст. Онҳо ба дарсҳо медароянд, ба хонандаҳо суолҳои назарфиреб медиҳанд, журнал ва конспектҳоро тафтиш мекунанд. Муаллимон метарсанд. Дар ҳоле ки мактабҳоро бояд нозирони маориф тафтиш кунанд. Нофаҳмо аст, ки чаро кормандони додситонӣ меоянд?” –гуфтаанд омӯзгорон.

Масъулони Додситонии вилояти Бадахшон чунин шикоятҳоро беасос донистанд. Додситони вилоят гуфт, танҳо дар доираи ваколати худ назорати иҷрои қонунҳоро дар мактабҳо санҷиданд.

“Мо чора набинем, кӣ чора мебинад?”

Парвиз Орифзода

Парвиз Орифзода, додситони ВМКБ, рӯзи 15-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳангоми санҷиши онҳо дар мактабҳои Хоруғ 10 омӯзгор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Додситон гуфт, аз инҳо 6 нафар аз ташхиси зарурӣ нагузаштаанд ва 4 кас вазифаҳои худро ба таври зарурӣ иҷро накарданд.

Ба қавли Орифзода, додгоҳ нисбат ба 4 омӯзгор огоҳӣ дода, 6 муаллими дигарро барои нагузаштан аз ташхиси зарурӣ аз сӯи идораи беҳдошт ё СЭС 120 сомонӣ ҷарима бастааст.

Читайте также:  Корь что нужно делать

“Додситонӣ ҷарима таъин намекунад. Мо танҳо ҳолати иҷрои қонунҳоро месанҷем. Дар сурати ошкор кардани қонунвайронкунӣ санад тартиб дода, барои баррасӣ ба мақомот мефиристем. Муаллим саривақт ба дарс наояд, конспекташро тайёр накунад, мо чора набинем, кӣ чора меандешад? Давраи пандемия аст, омӯзгорон бо фарзандони мардум сарукор доранд, бояд ҳамаашон аз муоинаи тиббӣ гузашта бошанд», — илова кард додситони Бадахшон.

Кӣ ҳаққи тафтиши мактаб ва кори омӯзгоронро дорад?

Шикояти омӯзгорон аз тафтишҳои зиёд танҳо ба вилояти Бадахшон маҳдуд намешавад. Чанд омӯзгор аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, аз тафтишҳои паёпайи кормандони ниҳодҳои қудратӣ «хаста шудаанд».

Омӯзгорон мегӯянд, солҳои пеш асосан Хадамоти назорат дар соҳаи маориф кори онҳоро тафтиш мекард, аммо акнун санҷиши додситонӣ ва милиса ҳам ба он илова шуд. Бо расонаӣ шудани шикояти омӯзгорон аз шаҳри Хоруғ ин суол дар шабакаҳои иҷтимоӣ матраҳ шуд, ки кадом ниҳод ҳаққи тафтиши кори омӯзгорони мактабҳоро доранд?

Рамазон Одиназода

Рамазон Одиназода, сардори Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, мегӯяд, ниҳодҳои алоҳида аз рӯи ваколаташон метавонанд, кори мактабҳоро тафтиш кунанд. Аз ҷумла, ба гуфтаи Одиназода, хадамоти сӯхторнишонӣ бахши бехатарӣ аз сӯхтор ва идораи СЭС самти санитарию беҳдоштиро дар мактабҳо месанҷанд.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, кормандони додситонӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда метавонанд, дар ду сол як дафъа дар мактабҳо санҷиш гузаронанд. Як истисно ҳам вуҷуд дорад, ки ин ниҳодҳо дар асоси шикоятҳо метавонистаанд, кори мактаб ва омӯзгоронро дар ҳар вақт санҷанд.

Вале сардори Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф мегӯяд, “ягон корманди ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ салоҳияти санҷиши нақша ва барномаҳои таълимӣ, либосҳои намунавии мактабиро надорад. Ҳар як масъалае, ки ба раванди таълим ва тарбия дахл дорад, танҳо ба уҳдаи Вазорати маориф ва Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди президент аст.”

Читайте также:  Для митигированной кори характерно

Масъулини дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илм мегӯянд, мақомоти қудратӣ дар сурате ҳаққи ворид шудан ба мактабҳоро доранд, ки агар аз қабл нақшаи чорабинии муштарак бо вазорат ё бахшҳои маорифро дошта бошанд.

“Кормандони прокуратура метавонанд, рафти татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар муассисаҳои таълимӣ санҷанд. Он ҳам дар сурате, ки фармон ҷиҳати иҷрои нақша вуҷуд дошта бошад ва замони санҷиш муайян бошад, на инки ҳар вақте хоҳанд, макатбҳоро санҷанд. Аз ҷониби дигар, санҷишҳо бояд тавре сурат гирад, ки ба раванди таълиму тарбия халал ворид накунад», — гуфтанд дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

«Муаллим дарс диҳад ё ба суоли муфаттишон посух гӯяд?»

Шикояти омӯзгорони шаҳри Хоруғ дар ҳоле садо медиҳад, ки мутахассисон мегӯянд, тафтиши зиёд дар мактабҳо ба кори таълим халал мерасонад.

Марям Шарипова қариб 50 сол дар Душанбе омӯзгор буд ва танҳо як сол пеш хонанишин шуд. Мегӯяд, аз зиёд шудани тафтиши мактабҳо дар солҳои охир нигарон аст, чун ин кор ба сифати таълим таъсир мерасонад.

«Вақте муфаттишон меоянд, муаллим даступо мехӯрад ва наметавонад дуруст дарс диҳад. Бояд як тартиби муайян бошад, ки ҳар сохтор болои сари муаллим омада, ба кори ӯ дахолат накунад ва ҳисобот напурсад», — афзуд ин омӯзгори собиқадор.

Феълан дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор мактаб фаъол аст ва дар онҳо зиёда аз 2 миллион хонанда таҳсил мекунанд.

Источник