Китоби кори хамшираги дар тибби оилави

Содержание статьи

ДДОТ — Китобхонаи электронӣ

Кори хамшираги дар педиатрия

Муаллиф(ҳо): Номаълум

Хонданд: 54

Аз назар гузарониданд: 2196

Категория: Биология

ISBN:

Сол: 2012

Ҳаҷм: 118 саҳифа

Навъ: Таълми

Нашриёт: Душанбе

Санаи дохилкунӣ: 25.04.2016 15:35:31

Китоби кори хамшираги дар тибби оилави

Китобро хонданд

Санаи хондани китобНасаб, ном, номи падарЛогинБақайдгирӣ да система
18.01.2017 17:06:51Содиков Фирузчон Ходихочаевичфируз18.01.2017 17:04:51
19.02.2017 18:29:18Обидова Шохида МуродовнаShohida199812@gmail.com19.02.2017 18:23:23
19.02.2017 19:18:12Обидова Саодат АбдумачидовнаSaodat19723419.02.2017 19:16:02
04.03.2017 18:10:08МашарифовНозир04.03.2017 18:06:19
05.05.2017 11:16:46Сохиби Саидмуродsohib03.11.2015 11:28:20
31.05.2017 09:31:51Shukurov Ssanat808002.02.2017 15:06:01
31.05.2017 10:24:52Займуддинов Ҳофиз Абдусатторовичzaimuddinov31.05.2017 10:21:52
02.06.2017 12:38:29Lutfullo Tagoevlutfullo.tagoev@gmail.cim02.06.2017 12:36:42
05.08.2017 15:05:43Хочибоев Дилшод Мухаммадовичdilshod20205.08.2017 15:04:53
21.09.2017 14:24:26ibodbozor29.03.2017 17:44:13
30.09.2017 10:41:05саид шариф91999189330.09.2017 10:35:53
18.10.2017 22:43:47Asrori MuhtorDoktorxxx199118.10.2017 22:39:00
01.11.2017 22:25:55Шарипова нодира салимовнаНодира23.10.2016 21:55:37
04.12.2017 11:54:21Ҷонузокова Қумринисо Эргашевна201714031304.12.2017 11:22:51
18.01.2018 22:04:27усмон ЯтимовUsmon 2318.01.2018 21:59:44
22.02.2018 12:20:11Каюмов Аддот17.11.2016 10:19:10
04.03.2018 22:03:33Davronodinaev02061998@gmail.com04.03.2018 21:57:02
28.03.2018 22:26:56СуманSuman9628.03.2018 22:18:53
05.04.2018 13:39:11Хусенов ДиловарДиловар05.04.2018 13:37:57
08.05.2018 21:02:49Nata Makhmudovanata_makhmudova08.05.2018 21:01:38
18.05.2018 08:49:55Абдулазиз КурбоновAbdulaziz18.05.2018 08:49:05
23.05.2018 11:10:28СаттороваGulihon_1723.05.2018 11:05:28
16.06.2018 16:18:04гуля назаровагуля16.06.2018 16:15:08
17.06.2018 03:01:50Husen Usarzodahusen.zokirov.9417.06.2018 03:01:32
26.06.2018 19:21:08Саримсоков Чурабек Шарафович92976600726.06.2018 18:54:48
11.09.2018 10:19:35Назаров Саъди Абдурахимовичnsadi04.09.2018 11:19:50
22.09.2018 10:37:18Cорбон Курбоновsorbon_919922.09.2018 10:33:24
20.12.2018 18:52:11МАГГАMAGGA199920.12.2018 18:47:27
17.02.2019 21:00:54Азимов Чамшед199516.05.2017 07:18:52
21.02.2019 09:44:30АЗИЗAziz_9712.12.2017 13:30:57
21.02.2019 20:23:50Qosimov FiruzFQ21.02.2019 20:23:28
09.04.2019 19:17:31Мухиддинов Сорбон Амониллоевичsorbon_mail09.04.2019 15:59:37
20.05.2019 12:05:23Hiro Esoiyonzevaroi6813.04.2019 17:01:39
11.09.2019 16:06:37Фаррух Тӯхтаев Фахриддинович+99291959200307.09.2019 07:37:13
13.09.2019 19:30:51Камолов Икромиддин Иномидиновичikromiddin13.09.2019 19:27:57
15.09.2019 23:05:47Зарифов Сорбон Бурхонович77111178315.09.2019 22:56:42
27.09.2019 10:46:03Азизов Абдулло РустамовичAzizov_760027.09.2019 10:40:20
11.11.2019 16:52:11Маликов Рамазон Исмоиловичramazonmalikov@gmail.com12.02.2019 22:27:14
06.12.2019 08:13:41ahadjon nematovahadjon.nematov04.12.2019 08:15:33
08.03.2020 14:27:55Олимов ИлхомILHOM OLIMOV08.03.2020 14:27:26
09.04.2020 18:11:25OHnizomjon-9709.04.2020 18:11:01
25.09.2020 19:48:01Gulya Zramonqulova25.09.2020 19:43:56
28.09.2020 17:06:14аҳадҷон нематовnematov-ahadjon08.02.2020 10:45:11
29.09.2020 16:16:50Валиев Файзуддин Махмадшарифович98905076127.09.2020 09:51:49
01.11.2020 12:33:22Ҷобирова Мижгона Раҳимҷоноваjobirovamijgon@gmail.com17.09.2020 19:01:52
14.01.2021 08:18:53Ахунзода Фируз ЗохириIstar_rich14.01.2021 08:16:38
21.01.2021 17:50:14Muhiddinova TursunoiTursunoi18.09.2020 05:54:41
26.01.2021 17:01:30Окилов кодиржонOkilov_76@mail.ru25.01.2021 20:35:22
27.01.2021 08:56:26Авезов Абдукодир Султоновичdoktor.a.a.c@mail.ru02.03.2017 08:10:57
27.01.2021 09:43:17Фирдавс Рауповfedot251127.01.2021 09:42:43
04.02.2021 22:45:21MurodaliGafurov201604.02.2021 22:23:28
23.02.2021 22:36:13Эргашева Мархабохон Мардоновнаmarhabokhon23.02.2021 22:32:58
30.03.2021 17:55:52Косимов Некруз ХикматуллоевичNekruz 202130.03.2021 16:57:53
14.06.2021 19:02:55Рузиев Манучехр93548105014.06.2021 18:48:36
Читайте также:  Кори мохир в ютубе

Источник

Фаъолияти хусусии тиббӣ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2002, №11, мод. 663; соли 2005, №12, мод. 634; соли 2009, №3, мод. 97)

Қонуни мазкур асосҳои умумии ҳуқуқи иқтисодй ва иҷтимоии бунёд ва амал намудани субъектҳои фаъолияти хусусии тиббиро муайян мекунад, ҳуқуқу вазифаҳои онҳоро дар амалӣ намудани ин шакли фаъолият танзим менамояд.

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 №1413

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

Боби 1. Қоидаҳои умумӣ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд: (ҚҶТ аз 26.03.09, №504)

— субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ — ташкилотҳои хусусии тиббие, ки фаъолияти хусусии тиббиро амалӣ мегардонанд, ҳамчунин шахсони воқеие, ки ба амалияи хусусии тиббӣ машғул мешаванд;

— фаъолияти хусусии тиббӣ — фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ оиди расонидани ёрӣ ва хизмати тиббӣ ба аҳолӣ тибқи шартнома, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— амалияи хусусии тиббӣ — фаъолият оиди расонидани ёрии тиббӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби шахсони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ ва миёнаи касбии тиббӣ мутобиқи ихтисосашон, дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;

— ташкилоти хусусии тиббӣ — ташкилоти тиббие, ки амволи он аз моликияти хусусӣ ё моликияте, ки дар асоси шартномаи иҷора истифода мешавад, иборат аст;

— ёрии тиббӣ- ин пешгирй ва ташхиси бемориҳо, пешгирӣ аз заҳролудшавӣ ва захмдоршавӣ, табобати беморон ва барқарорсозии саломатӣ, назорат ба ҷараёни ҳомилагӣ, кӯмаки момоӣ ва назорат ба давраи баъди таваллуд;

— хизматрасонии тиббӣ — ёрии тиббии пардохтшаванда оиди намуди муайяни беморӣ, ки дар ҳаҷми муайян тибқи шартнома расонда мешавад;

— стандартҳои ёрии тиббӣ — номгӯи талаботҳо нисбат ба меъёрҳо, қоидаҳо ва хусусиятҳои намуди муайяни ёрии тиббӣ ва натиҷаҳои он;

— кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ — муҳимтарин қисми системаи нигаҳдории тандурустӣ буда, сатҳи аввалини муносибати фард, оила ва ё ҷамъият бо системаи нигаҳдории тандурустӣ (субъекти фаъолияти хусусии тиббӣ) мебошад, ки ёрии тиббию санитариро ба маҳали истиқомат ва кори одамон ба дараҷаи ниҳоӣ наздик мекунад ва аввалин қисми раванди давомнокии ҳифзи саломатиро ифода менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.

Моддаи 3. Вазифаи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ дар қатори муассисаҳои давлатии ҳифзи саломатӣ амалӣ гардидани сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ таъмин менамоянд.

Моддаи4. Принсипҳои асосии фаъолияти хусусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Принсипҳои асосии фаъолияти хусусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

— масъулияти субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ барои фароҳам овардани шароитҳое, ки расонидани ёрӣ ва хизмати тахассусии тиббиро таъмин менамояд;

— дастраси умум будани шабакаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ;

— илмӣ ва дорои самти пешгирӣ будани ёрй ва хизмати тиббӣ;

— аён ва ошкор будани фаъолият, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст;

Боби 2. Ташкил ва танзим намудани фаъолияти хусусии тиббӣ

Моддаи 5. Ташкил кардан, фаъолият ва барҳам додани ташкилоти хусусии тиббӣ

Ташкилоти хусусии тиббӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, метавонанд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ташкилоти хусусии тиббӣ таъсис диҳанд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд.

Ташкилоти хусусии тиббӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома, ки тибқи қонунгузорй оиди намудҳои муайяни фаъолияти тиббӣ дода мешавад ва дар асоси сертификати мутобиқати шароити фаъолияти онҳо ба стандартҳои муқарраршуда, ба фаъолияти тиббӣ машғул шуда метавонад.

Аккредитатсияи ташкилоти хусусии тиббӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Комиссияҳои аккредитатсионӣ анҷом дода мешавад.

Азнавташкилкунӣ ва барҳамдиҳии ташкилоти хусусии тиббӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ сурат мегирад.

Моддаи 6. Иҷозатномадиҳии фаъолияти хусусии тиббӣ

Фаъолияти хусусии тиббӣ дар асоси иҷозатнома (литсензия) амалӣ карда мешавад.

Иҷозатнома (литсензия) барои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» дода мешавад .

Моддаи 7. . (Хориҷ карда шуд бо Қ ҶТ аз 26.12.05с №119).

Моддаи 8. Шартҳои расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббию беҳдорӣ (санитарӣ)

Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ дар асоси шартномаҳои бо ташкилоҳои суғуртаи тиббӣ инчунин беморон басташуда кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ беҳдорӣ (санитарӣ) мерасонанд.

Читайте также:  Может быть аллергический насморк на прививку корь

Моддаи 9. Санадҳои тиббӣ ва ҳисобот

Санадҳо, хулосаҳои додаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ баробари ҳуҷҷатҳои тиббии намунаи давлатӣ қувваи қонунӣ доранд.

Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ дар ҳуҷҷатгузории худ аз бланкаҳои тиббии ҳисоботи ҳатмии намунаи давлатӣ, маълумотнома дар бораи таваллуд ва вафот, бланкаҳои дорухат истифода мекунанд.

Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ ӯҳдадоранд, ки ҳамаи бақайдгирии оморӣ ва ҳисоботро, ки дар санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст ба роҳ монанд ва барои дурустии онҳо масъуланд. Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғул ба амалияи хусусии тиббӣ ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муайянгардида дар бораи фаъолияти худ ҳисобот пешниҳод менамоянд.

Моддаи 10. Ба иҷора додани моликияти давлатӣ

Амволи моликияти давлатиро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ба иҷора додан мумкин аст.

Боби 3. Фаъолияти молиявии субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

Моддаи 11. Манбаъҳои маблағгузории фаъолияти хусусии тиббӣ

Фаъолияти хусусии тиббӣ аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, воситаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ, дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.

Таъминоти давлатии субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ва иштироки онҳо дар амалӣ гардондани барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурустӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоҳои суғуртаи тиббӣ тибқи шартнома маблағгузорӣ карда мешавад. Масъалаҳои мансуб ба фаъолияти молиявӣ ва хоҷагии амалияи хусусии тиббиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунад.

Моддаи 12. Шартнома дар бораи расонидани ёрӣ ва хизмати тиббӣ

Шартнома дар бораи расондани ёрӣ ва хизмати тиббӣ дар байни субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тартиби тағйир додани он, дароз кардани мӯҳлат ва қатъ намудани он бо созиши тарафҳо баста мешавад ва бояд ба талаботи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошад.

Моддаи 13. Пардохти ҳаққи ёрӣ ва хизмати тиббӣ

Пардохти ҳаққи ёрӣ ва хизмати тиббие, ки ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ мерасонанд, дар асосҳои зерин сурат мегирад:

— шартномаҳое, ки бевосита бо беморон баста мешаванд;

— шартномаҳо бо корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва шаҳрвандон оиди расонидани ёрии тиббӣ;

— шартномаҳое, ки бо идораҳои суғуртаи тиббӣ барои расондани ёрии тиббӣ аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ ва ихтиёрии тиббӣ баста мешаванд;

— шартномаҳое, ки аз рӯи барномаҳои хайрия баста мешаванд.

Нархи хизмати тиббие, ки аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ дар доираи шартномаҳо бо шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо расонда мешавад, бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Пардохти ёрии таъҷилии тиббие, ки ба шахсони эхтиёҷманд расонда мешавад, аз ҷониби ташкилоҳои суғуртаи тиббӣ мувофиқи қоидаҳои суғуртаи тиббӣ сурат мегирад.

Моддаи 14. Андоз аз субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

Субъектхои фаъолияти хусусии тиббй ӯҳдадоранд, ки тибқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз супоранд.

Боби 4. Ҳуқуқ, ва ӯҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ

Моддаи 15. Ҳуқуқи шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғуланд

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғуланд, ҳуқуқ доранд:

— аз рӯи бемориҳое, ки номгӯи онҳоро Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ёрии тиббӣ расонанд;

— усулҳои тибби халқиро бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ истифода баранд;

— бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ҳуҷҷатҳои тиббӣ диҳанд;

— барои амалӣ кардани фаъолияти хусусии тиббӣ аз ҳамаи ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони дигаре, ки бо амалияи хусусии тиббӣ машғуланд, ахборот гиранд;

— бо натиҷаҳои муоинаи бемор шинос шаванд, дар ҳамаи зинаҳои навбатии табобат ба сифати мушовир иштирок намоянд;

— барои амалӣ гардидани фаъолияти касбӣ бо санадҳои меъёрӣ шинос шаванд;

— аз бланкаҳои тиббии ҳисоботии ҳатмии намунаи давлатӣ истифода баранд;

— бо дигар шахсони воқеие, ки бо амалияи хусусии тиббӣ машғуланд, барои расондани ёрии тиббӣ якҷоя фаъолият кунанд;

— барои таъмини фаъолияти касбӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кормандонро ҷалб намоянд;

— дар намуди нусха аз ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар бораи беморӣ ва аҳволи саломатии беморон хулосаҳои хаттӣ ва тавсияномаҳо диҳанд, ки онҳоро ҳамаи муассисаҳои тиббӣ истифода бурда метавонанд;

— барои ба даст овардани доруворӣ ва маснуоти таъиноти тиббӣ ба истиснои дорухати доруҳои нашъаовар, доруҳои ба онҳо баробар ва дорувориҳое, ки бо шартҳои имтиёзнок фурӯхта мешаванд, ба бемор дорухат навишта, онро бо муҳри ташкилоти хусусии тиббӣ ё муҳри шахсии мутахассис тасдиқ намоянд;

— дар бахшҳои беморхонавии ташкилоти хусусии тиббӣ барои мақсадҳои тиббӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи нашъаовар ва психотропиро гиранд, нигоҳ доранд ва истифода баранд.

Читайте также:  Прививка от кори график ревакцинации

Моддаи 16. Ӯҳдадории шахсони машғул ба фаъолияти хусусии тиббӣ

Шахсоне, ки ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғуланд, ӯҳдадоранд:

— танҳо ҳамон намуди фаъолиятро, ки барои он иҷозатнома дода шудааст, амалӣ кунанд;

— шарту қоидаҳои ёрии тиббиро, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, риоя кунанд;

— ҳуҷҷатгузории зарурии тиббиро, ки аҳволи саломатии бемор, ҳаҷм ва натиҷаҳои ёрии тиббии ба ӯ расондашударо инъикос менамояд, ба роҳ монанд;

— ҳисоботи тиббӣ, оморӣ ва молиявиро ба суроғаҳо дар мӯҳлати муқарраршуда пешкаш кунанд;

— ҳангоми гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти ваколатдори нигаҳдории тандурустӣ санадҳои тиббӣ ва маълумотҳоро пешниҳод намоянд;

— усулу воситаҳои ташхис, пешгирӣ ва табобат, дорувориҳои гиёҳиро, ки бо тартиби муқарраргардида дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, истифода баранд;

— ба марказҳои санитарию эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳодисаҳои дар беморон ошкор шудани бемориҳои сироятӣ, ангалӣ ва таносулӣ, ҷузом (лепра), саъфати пуст (микроспория), шукуфаи мучин (триҳофития), хоришак (чесотка), сил, СПИД бемориҳои саратонӣ, нашъамандӣ, рӯҳӣ ва ғайра бо тартиби муқарраркардаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳанд;

— дар мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ савияи ихтисоси худро баланд бардоранд, агар ин дар шартномаҳо бо муассисаҳое, ки расондани ёрии тиббиро маблағгузорӣ мекунанд, пешбинӣ нашуда бошад;

— ба мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи шахсоне, ки дар натиҷаи захмдоршавии ҷисмонӣ, латхурӣ ва заҳролудшавӣ барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардаанд, хабар диҳанд;

— ба шахсоне, ки ба кӯмаки таъҷилии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, ёрии тиббии бемузд расонанд ҳангоми фаъолияти хусусии тиббӣ амалҳои зерин манъ аст:

— гузаронидани сеансҳои оммавии табобатӣ, аз он ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма;

— истифодаи тарзу усулҳо ва воситаҳои пешгирӣ, ташхис, табобати бемориҳо, инчунин дорувориҳои гиёҳӣ, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ нашуда, истифодаи онҳо дар амалияи тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст.

Моддаи 17. Тартиби ҳалли баҳсҳо

Баҳсҳое, ки байни субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ, инчунин байни ин субъектҳо ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба амал меоянд, бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

Моддаи 18. Ҳуқуқи субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ барои машғул шудан бо тибби халқӣ

Субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои тибби халқиро истифода бурда метавонавд.

Боби 5. Қоидаҳои хотимавӣ

Моддаи 19. Таъминоти давлатии субъектҳои фаъолияти хусусии тиббӣ ва иштироки онҳо дар амалӣ гардидани барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурустӣ

Ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсоне, ки бо амалияи хусусии тиббӣ шуғл меварзанд, дар амалӣ гардонидани барномаҳои мақсадноки суғуртаи ҳатмии тиббӣ, таъминоти давлатӣ ва нигаҳдории тандурустӣ дар асоси озмун иштирок карда метавонанд.

Қоидаҳои гузаронидани озмунҳое, ки ба ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва барои шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ барои таъминоти давлатӣ ва иштирок дар барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурустӣ ҳуқуқ медиҳад, аз ҷониби мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия муқаррар карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияи озмун дар асоси баробарӣ намояндагони мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандони тиб, ташкилотҳои хусусии тиббӣ, идораҳои суғуртавии тиббӣ дохил мешаванд.

Шартномаҳо дар бораи таъминоти давлатии ташкилотҳои хусусии тиббӣ ва шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ ва иштироки онҳо дар амалӣ гардидани барномаҳои мақсадноки нигаҳдории тандурустӣ дар ҳолатҳои иштироки онҳо дар барномаҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ бо мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия ва худидораи маҳаллӣ, инчунин идораҳои суғуртавии тиббӣ баста мешаванд.

Муқараророти шартномаҳо:

— талабот нисбати сифати ёрии тиббӣ;

— ҳаҷми ёрии тиббӣ;

— шартҳо ва қоидаҳои пардохти ёрии тиббӣ;

— қоидаҳои назорат ба сифати ёрии тиббӣ;

— қоидаҳои бақайдгирӣ ва ҳисобот дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ аз рӯи шартнома.

Моддаи 20. Назорати давлатӣ ба амалӣ гардидани фаъолияти хусусии тиббӣ

Назорати давлатиро ба сифати расонидани ёрии тиббӣ аз ҷониби шахсони машғули амалияи хусусии тиббӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои (шӯъбаҳои) нигаҳдории тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба амал мебароранд.

Моддаи 21. Ҳамкории байналмиллалӣ

Ҳамкории байналмиллалӣ дар соҳаи фаъолияти хусусии тиббӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба амал бароварда мешавад.

Дар ҳолатҳое, ки агар дар байни ҳамин Қонун ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтилофот ба амал ояд, он гоҳ меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ амал мекунад.

Моддаи 22. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09, №504)

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 2 декабри соли 2002

№60

Источник